16 Апрел 2020 - 13:29
Беҳбудии беш аз 52 ҳазор нафар аз мубталоёни ба вируси корона дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, токунун 52 ҳазору 229 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

(ABNA24.com) Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилорасонии вазорати беҳдошти Эрон, рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо ишора ба идомаи раванди нузулии ибтило ба вируси корона дар кишвар тасреҳ кард, дар 24 соати гузашта ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, якҳазору 606 бемори ҷадид мубтало ба КОВИД-19 шиносоӣ шуданд, ки дар маҷмӯъ теъдоди афроди мубтало ба ин вирус дар кишвар ба 77 ҳазору 997 нафар расидааст.

Ҷаҳонпур бо ишора ба фавти 92 бемори дигар дар 24 соати гузашта, афзуд, дар маҷмӯъ аз замони шуюи вируси корона дар Эрон токунун 4 ҳазору 869 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон рӯзи панҷшанбе ба беш аз 2 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз 135 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 516 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

342/